ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Пентагон ба роҳ мондани ҳамкориҳои низомиро бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон истисно намекунад. Амрико мехоҳад ҳамкориҳоро дар ин соҳа бо дигар кишварҳое, ки бо Афғонистон ҳамсарҳанданд, рушд диҳад.
Дар ин бора дар рафти нишасти матбуотӣ намояндаи соҳаи низомии Амрико Ҷон Кирбӣ гуфт. Ӯ ҳамчунин ба саволе, ки оё Амрико дар ҳудуди Тоҷикистону Ӯзбекистон пойгоҳҳои низомӣ месозад, посух дод.
"Мо якҷо бо ҳамкоронамон аз Департаменти давлатӣ бо кишварҳои ҳаммарз дар муколама ҳастем ва кӯшиши омӯхтани имкониятҳоро дорем. Бигзор он кишварҳо худашон посух гӯянд", - таъкид кард Кирбӣ.
Амрико ихриҷи қӯшунҳояшро аз Афғонистон идома медиҳад. Пештар расонаҳо хабар доданд, ки Вашингтон қӯшунҳояшро то 4 июл аз Афғонистон мебарорад. Дертар ин изҳоротро дар Қасри сафед рад карданд.
Ба гуфтаи намояндаи расмии маъмурияти ИМА Ҷен Псакӣ, Вашингтон нақша дорад то моҳи август пурра нерӯҳояш аз Афғонистон берун шаванд.
Ёдрас мешавем, ИМА борҳо аз нақшаи ташкили пойгоҳи низомии бузурге дар Осиёи Марказӣ гуфта буд. Яке аз кишварҳои "зери чашм" кардаи Қасри сафед - Тоҷикистон аст.
Аммо ин нақшаҳои Амрико дар рӯи коғаз ва иҷро нашуда боқӣ мемонанд.