ДУШАНБЕ, 3 июл – Sputnik. Дар таъйиди ин хабар яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Тоҳирова аз ҳеҷ беморие ранҷ намебурд ва то охирин нафас шоду болидахотир буд.
“На аз илтиҳоби шуш ва на аз бемориҳои иншабурӯзӣ шикоят намекарданд, балки то дақиқаҳои охири ҳаёт солиму бардам буданд. Дишаб умрашон ба поён расид, яъне ҷон ба Ҳақ таслим намуданд”, -гуфт манбаъ.
Дар бораи даргузашти Тоҳирова, Маъмури Юсуфзод, сухангӯи ҳукумати шаҳри Хуҷанд низ таъзиянома ба нашр расонидааст.
Ҳамроҳ Тоҳирова 8 марти соли 1923 таваллуд шудааст. Ӯ солҳои зиёд минҳайси роҳбар дар Коргоҳи шоҳибофии (Шеелкокомбинат) Хуҷанд кор карда, ба ин васила дар рушди иқтисоди шаҳр саҳми босазо гузоштааст.
Тоҳирова соли 1965 дар анҷумани ХХIII и КПСС вакил интихоб шуда, барои меҳнатҳои шоён ба гирифтани унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ва орденҳои “Ленин” ва “Ситораи Сурх” мушараф гардидааст.
Эътои ин орденҳо ба Тоҳирова, исми ин бонуи хуҷандиро дар арсаи Иттиҳоди шӯравӣ машҳур намуд. Соли 1974, дар синни 50 – солагӣ Ҳамроҳ Тоҳирова ба унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд шарафёб гардидааст.
Ҳамингуна ӯ аз аввалин бонувони барандаи ин унвон дар Хуҷанд шумурда мешавад.
Онҳое, ки бо ин зани меҳнатқарини тоҷик як ҷо фаъолият бурдаанд, бештар дар бораи азму иродаи қавӣ ва фидокории ӯ ба меҳнати ҳалол таъкид меварзанд.
Дар маросими ҷанозаи Тоҳирова масъулони ҳукумати Хуҷанд ширкат кардаанд. Ҷанозаи Ҳамроҳ Тоҳирова субҳи имрӯз дар қабристони маъруф ба “Мазори Озах” дар Хуҷанд ба хок супурда шуд.