ДУШАНБЕ, 3 июл – Sputnik. Раиси Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар посух ба матлаб дар мавриди гаронии нархҳо, изҳор доштааст, ки арзиши чиптаҳо поин оварда шуда, шаҳрвандон бемамоният ба Русия сафар доранд
Дар посух ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” изҳор доштааст, ки марҳилаҳои аввали барқароршавии парвозҳои мунтазам ба далел зиёд будани мусофирону маҳдуд будани шумораи парвозҳо нарх наздик ба 1,5 ҳазор доллари амрикоӣ расид.
Ӯ афзудааст, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия хостаанд, ки нархи чиптаи ҳавопайморо дар доираи на зиёда аз 450-500 доллари ИМА фурӯшанд, дар акси ҳол, масъалаи минбаъд амалишавии парвозҳои чартерии онҳо бе баррасӣ ҳоҳад монд.
“Нархи чипта аз 1200-1400 доллар то ба 500 доллар поён фароварда шуда, арзон гардида, мусофирон ба самти Русия бе мамониат сафар намуда истодаанд”, - изҳор доштааст Субҳонзода ва далел овардааст, ки агар дар 24 рӯзи моҳи майи соли равон наздики 45 ҳазор мусофир ба самти Русия парвоз карда бошанд, аз 26 май то 23 июн наздики 81 ҳазор мусофир ба Русия парвоз кардаанд.
Нархҳои “Сомон Эйр” барои парвоз ба Тошканду Маскав
Икром Субҳонзода инчунин дар мавриди нархи чиптаҳои “Сомон Эйр” аз қавли худи ин ширкат изҳор доштааст, ки нархи парвозҳо миёни Тошканду Душанбе вобаста ба рӯзи парвоз аз 1815 сомонӣ то 2296 сомониро ташкил медиҳанд.
Раиси Агентӣ дар мавриди масири Маскав изҳор доштааст, ки парвозҳои мунтазам ҳафтае ду маротиба рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа иҷро мешаванд ва нархи чипта вобаста ба санаи парвоз аз 4125 сомониву 30 дирам то 5638 сомониву 30 дирамро ташкил медиҳад. Чиптаи хатсайрҳои мунтазами ба самти Русия иҷрошавандаи “Сомон Эйр” аз ҷониби Агентии алоқаи ҳавоӣ фурӯхта мешавад ва хазинаҳои агентии мазкур дар фурудгоҳ низ ҷойгир шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки шикоятҳо дар Тоҷикистон аз гарон будани нархи чипта зиёд садо медиҳанд ва корафтодагон мегӯянд, на ҳамеша нархҳоеро, ки мақомдорон аз минбарҳо эълон медоранд, воқеан дар хазинаҳои чиптафурӯшӣ риоя мешаванд.