ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Гуруҳҳои махсус дар нуқтаҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд барои гирифтани пеши роҳи коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро мегузаронанд.
Тибқи иттилои котиботи раиси шуҳри Хуҷанд, Фирдавс Шарифзод, ки роҳбарии Ситоди шаҳрӣ барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 - ро низ ба уҳда дорад, бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии мазкур, гуруҳҳои корӣ ба минтақаҳои гуногуни шаҳр барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ сафарбар гардиданд.
"Гуруҳи корӣ дар мавзеъҳои серодам, аз ҷумла дар бозори марказии “Панҷшанбе” варақаҳои таблиғотиро тақсим карда, аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки дар ин рӯзҳои мушкил ба таҳлукаву тарс дода нашаванд, балки бо риоияи гигиенаи шахсӣ саҳме дар рафъи ин беморӣ гузоранд", - омадааст дар иттилоия.
Ба иттилои манбаъ, таъкид шуд, ки бемории мазкур табобатшаванда аст ва пизишкони кишвар бо истифода аз имконияту дониши худ ба таври шабонарӯзӣ дар хидмати беморон қарор доранд.
Котиботи шаҳрдорӣ афзуд, ки вазъи эпидемологӣ дар шаҳри Хуҷанд зери назорати қатъии Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 қарор гирифта, аъзои ситод ҷиҳати пешгирӣ ва корҳои фаҳмондиҳӣ як қатор чорабиниҳоро пиёда намуда истодааст.
Тибқи иттилои расмии Вазорати тандурустӣ, аз аввали ҳамагирии сирояти коронавирус то то шоми 1 июл дар ҷумҳурӣ 13 523 нафар гирифтори ин беморӣ шуда, 13 318 кас шифо ёфтаанду бархе ҳанӯз табобат гирифта истодаанд. Теъдоди фавтидагон аз коронавирус аз аввали соли равон бетағйир монда, ҳамоно 90 нафар арзёбӣ мешавад.