ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Раёсати Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилояти Хатлон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар натиҷаи як рейди муштарак аз нуқтаҳои фурӯши маводи аудиовидеовизуалии шаҳру навоҳии вилоят 4 ҳазор диски пастсифат ва ғайристандартӣ мусодира карданд.
Тавре ба рӯзномаи "Ҷуҳурият" масъулини “Тоҷикфилм” дар вилоят хабар додааснд, чаҳор ҳазор диск дар ҳузури комиссияи босалоҳият, инчунин, намояндагони ВАО, сӯзонда нобуд карда шуд.
Хуршед Сафаров, сардори раёсати Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилоят таъкид доштааст, ки нисбат ба вайронкунандагони қонун, дар маҷмӯъ 65 санад, аз ҷумла нисбат ба 40 соҳибкор мавод тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор ирсол гардид.
Гуфта шудааст, ки 25 нафар бо сабаби бори аввал ба қонунвайронкунӣ даст задан огоҳӣ гирифтанд.
Ёдрас мешавем, ки муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҳамчун сохтори алоҳида дар заминаи киностудияи “Тоҷикфилм” ва корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои “Тоҷиккино” бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон соли 2017, таъсис ёфтааст.
Раёсатҳо дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шуъбаи минтақавӣ дар водии Рашт фаъолият мебаранд.