ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Ин пешниҳод 1 июли соли равон аз сӯи Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мулоқот бо Мэтт Марри, муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури иқтисод ва тиҷорат дар шаҳри Вашингтон ироа шудааст.
Дар бораи теъдод ва ҳам маблағи ваксина иттилое аз ин беш нест.
Дар ҳамин ҳол, Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз ҳамчунин пешниҳод огоҳӣ надорад, аммо онро ҷонибдорӣ мекунад.
“Тамоми идораҳое, ки имкон доранд, метавонанд барои ҷалби ваксина аз кишварҳои тавлидгари хориҷӣ талош ба харҷ диҳанд. Ҳамчунин як супориш аз сӯи ҳукумати кишвар низ ҳаст”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Тоҷикистон моҳи марти соли равон 192 ҳазор вояи ваксинаи АстраЗенекаи бритониёиро аз Ҳинд ва 300 ҳазор вояи “КоронаВак” – ро аз Чин ворид кардааст.
Масъалаи дарёфти ваксинаи “Спутник V” – и Русия ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, пештар Вазорати тандурустӣ шумораи нафаронеро, ки дар Тоҷикистон ваксин гирифтаанд, эълон кард.
Ҳамин тавр, дар умум дар кишвар беш аз 205 ҳазор нафар алайҳи маризии коронавирус ваксин гирифтанд.
То 27 июни соли ҷорӣ дасти кам 205 619 нафар барои эмин доштани саломатии худ бо ваксинҳои дастрасшуда эмгузаронӣ шуданд. Дар марҳилаи дуюми эмгузаронӣ беш аз 18 029 нафар ваксин гирифтанд.
Дар марҳилаи аввал пизишкону омӯзгорон, маризон ва нафарони аз 60 - сола боло бо ваксин таъмин карда шуданд.
Баъди ворид шудани вояи чинӣ дар Тоҷикистон эмгузаронии афроди аз 18 - сола боло низ пиёда гардид.