Маскав: эътимоди Русия ба ҷунбиши Толибон қабл аз вақт аст

Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон таъкид кард, ки суҳбат дар мавриди эътимоди комили Маскав ба ҷунбиши Толибон қабл аз вақт аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон ва мудири бахши дувуми Осиёи Вазорати хориҷаи Русия дар як суҳбати ихтисоси бо Sputnik Афғонистон гуфт, ки эътимоди комили Маскав ба ҷунбиши Толибон (гурӯҳи мамнӯъ дар Русия) қабл аз вақт аст.
"Вале ба ҳар сурат, мо бо истифода аз каналҳои худ ва ҳамчунон таомул бо амрикоиҳо, ба хусус бо намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон Залмай Халилзод фориғ аз раванди хуруҷ аз Афғонистон мо як робитаи кории хубро ҳифз мекунем", - таъкид дошт Коболов.
Амрико аз Тоҷикистон хост, ҳазорҳо гурезаи афғонро қабул кунад
Ба ҳар ҳол, ин раванд наметавонад ва набояд барои эъзоми имконот зерсохти низомӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба вижа Осиёи Миёна табдил шавад. Мо қаблан чунин сигнолро дар сатҳи мухталиф ба Вашингтон ирсол кардем ва умедворем, ки шунида шудем.
"Мо ба ҳамкорӣ бо якдигар дар формати “Сегона”-и густариш ёфта бо мушорикати Русия, Амрико, Чин ва Покистон идома медиҳем. Мо даъват ба даври баъдии онро дар ояндаи наздик рад намекунем. Ҳачунон имкони баргузории нишасти баъдӣ дар формати Маскавро низ дар назар дорем. Ҳамон тавре, ки возеҳ аст, тамоми кишварҳои минтақаро масъалаи Афғонистон муттаҳид мекунад", - гуфт Замир Кобулов.