ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Ин ниҳод дар такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 6 июли соли 2021 бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво, дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва дар қисми ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар робита ба ин, Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ҳама чораҳои эҳтиётиро риоя кунанд, селпартовҳо ва заҳбурҳоро аз партовҳо тоза кунанд, то ҳадди имкон аз ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор, чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ронандагон ҳангоми ҳаракат тариқи ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, махсусан дар дар қитъаҳои ба хавфнок бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракат дар байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.