ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, садамаи нахуст санаи 30-юми июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд рух додааст.
Гуфта шудаст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Аминов Сайфиддин, сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи 18-уми шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Солиев Муҳаммадамин, сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.
Таъкид шудааст, ки дар натиҷа, Солиев Муҳаммадамин ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон рӯзи 30-юми июни соли равон як садамаи маргбори дигар дар пойтахти кишвар рух додааст.
Ба иттилои ВКД, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Неъматов Умар, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, таҳти идораи Акбаров Шоҳрух, сокини шаҳри Турсунзода бархӯрдааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷа, мусофири автомашинаи “Опел-Вектра”, Хайёлов Наҷибулло, сокини ноҳияи Ванҷ ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
“Инчунин мусофири дигар, Сулаймонов Ислом, сокини шаҳри Душнбе ва мусофирони автомашинаи “Опел-Зафира”, Қудратова Гулру ва Қудратова Гулрухсор, сокинони шаҳри Панҷакент ба саломатиашон ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Дар ҳоли ҳозир аз сӯи кормандони ҳифзи уқуқи Тоҷикистон таҳқиқоти ҳодисаҳои мазкур идома дорад.