ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Як гурӯҳ шаҳрвандон, мусофирони хатсайри рақами 55, пештара №33 бо як навор хостори чораандешӣ алайҳи пулчинаки мусофирбаре шуданд, ки ба иддаои онҳо дағалӣ карда буд.
Тибқи иттилои Раёсати умури дохилии Душанбе, пулчинак мусофиронро дар нимаи роҳ аз автомашина фароварда, то охири хатсайр набурдааст.
Дар натиҷаи санҷиш муайян шудааст, ки ҷавони дар навор инъикосёфта Одинаев Аъзам, истиқоматкунандаи 27-солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе будаст, ки ба идораи милиса дастрас шуд, хабар дод РВУД Душанбе.
“Зимни таҳқиқи ҳодиса маълум гардид, ки номбурда санаи 26-уми июни соли ҷорӣ дар назди маркази савдои “Садбарг” аз дохили автомашинаи мусофиркашони ҷамъиятии хатсайри №55 бе сабабҳои узрнок мусофиронро фароварда, ҳамзамон бо суханони дағал нисбати мардум ва ҷомеа бадрафторӣ намудааст”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки нисбати Одинаев барои беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ бар асоси банди майдаавбошии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад парванда тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳ ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум гардид.