ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Шиносоии Раҷабой Аҳмадзода бо кори маркази логистикии "Корвон" дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сурат гирифт, хабар дод дафтари матбуоти раиси Суғд.
Ба иттилои манбаъ, Маркази логистикии "Корвон" дар масоҳати 8 гектар ҷойгир буда, ба он аз тамоми гӯшаву канори кишвар пиёзи пухтарасида ворид гардида, пас аз бандубаст ба хориҷи мамлакат содир карда мешавад.
Манбаъ аз қавли масъулини "Корвон" афзуд, ки соли равон аз вилояти Суғд зиёда аз 52 ҳазор тонна пиёз содирот карда шудааст, ки беш аз 20 ҳазор тоннаи он маҳз аз ҳамин марказ ирсол гардидааст.
Таъкид шудааст, ки дар маркази логистикӣ 20 нафар соҳибкорон ба фаъолият машғул буда, ҳамзамон то 300 нафар кормандони мавсимӣ ба шуғл фаро гирифта шудаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода фаъолияти соҳибкоронро дар самти содироти маҳсулот назаррас арзёбӣ карда, барои бо арзиши хуб ба фурӯш баровардани дастранҷи марди деҳқон тавсияҳо дод.