ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Владимир Путин президенти Русия қонунеро имзо кард, ки мувофиқи он тартиби вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия тағйир меёбад.
Тибқи ин қонун, барои ҳамаи хориҷиёне, ки бо мақсади кор ба Федератсияи Русия меоянд, дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ пас аз убури марз бояд аз қайди дактилоскопӣ, ташхиси тиббӣ гузаранд ва аксбардорӣ кунанд.
Ҳамзамон, агар ҳадафи муҳоҷир кор набошад, ӯ муваззаф мешавад, ҳамаи расмиётро дар муддати 90 рӯз иҷро кунад.
Ин талабот барои хориҷиёне ҷорӣ мешавад, ки бидуни раводид ба Русия ворид мешаванд.
Гурӯҳи муайяни шаҳрвандони хориҷӣ аз ин расмиёт озод карда шудаанд: инҳо кӯдакони то 6-сола ва шаҳрвандони Белорус мебошанд.
Он муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар онҳо бемории сироятии ВНМО ё дигар бемориҳои хатарнок, инчунин нашъамандӣ ташхис мешавад, аз кишвар хориҷ карда мешаванд.
Интизор меравад, ки қабули чунин қонун сатҳи амнияти санитариро баланд бардошта, ба яке аз унсурҳои таҳкими амнияти миллии Русия табдил меёбад.