ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар Маскав ваксингирӣ бо "ЭпиВакКорона" ғайриимкон гардидааст, хабар медиҳад РИА Новости.
Манбаъ, сабаби мавқуф гузошта шудани эмгузаронӣ бо ин ваксинро ба тамом шудани он рабт дод.
"Сабти ном барои ваксингирӣ бо "ЭпиВакКорона" муваққатан боздошта шудааст. То дастрас шудани бастаҳои нави ваксин, сабти номи хоҳишмандон ба таъхир гузошта мешавад", - таъйид мешавад дар хабар.
Қаблан, айнан чунин камчинии ваксин бо "Ковивак" ҳам рух дода буд. Захираи ин ваксин рӯзи 22 июн ба анҷом расид ва бо гузашти ҳамагӣ се рӯз бастаҳои нав ворид гардиданд, вале рӯзи 28 - ум боз аз камбуди ваксини мазкур хабарҳо расиданд.
Маврид ба зикр аст, ки шабонарӯзи гузашта дар Маскав дасти кам 7 597 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид, ки аз ин миён 1690 нафар бистарии беморхона гардиданд.
Ситоди фаврӣ оиди мубориза бо коронавирус дар русия мегӯяд, шабонарӯзи гузашта 108 нафар дар пойтахти Русия ҷон бохтанд.
Ҳоло 706 мариз дар Маскав зери дастгоҳи нафасдиҳиӣ сунъӣ қарор доранд.