Аз вазъи душвори минтақа то таҳкими сарҳад: мулоқоти Раҳмон бо дабири кулли СААД

Эмомалӣ Раҳмон бо Станислав Зас дар Душанбе фаъолияти СААД ва вазъи душвори низомиву сиёсӣ дар минтақаро баррасӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар Қасри миллат бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Засро мулоқот кард.
Тибқи иттилои котиботи президент, дар мулоқот самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар соли 2021, вазифаҳои имрӯзаи Созмон ва баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тибқи афзалиятҳои дар доираи Созмон эълоншуда, вазифаҳои раёсати худро пайваста иҷро карда истодааст.
СААД: агар Тоҷикистон кумак хоҳад, онро мегирад
Таъкид гардид, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ҷаласаҳои кумитаи котибони шӯроҳои амният, шӯроҳои вазирони дифоъ ва вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид ва корҳои омодагӣ ба баргузории иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ идома дорад.
"Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи душвори низомиву сиёсӣ дар минтақа табодули андеша намуда, мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро зарур шумурданд", - афзудааст манбаъ.
Дар вохӯрӣ инчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла омодагӣ ба баргузории мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муҳокима карда шуданд.