ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Дар Душанбе сафари кории раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин оғоз ёфт.
ӯ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат хоҳад кард.
Гуфта мешавад, субҳи барвақт Володин аллакай ба пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоил Сомонӣ дар маркази Душанбе дар майдони Дӯстӣ гулчанбар гузошт.
Қарор аст дар ин рӯз мулоқоти сарони ҳайатҳои парлумонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шавад.
Пас аз он, дар назар аст Володин бо раиси Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва инчунин дар ҷаласаи Шӯрои ПА СПАД мулоқот кунад.
Ғайр аз он, раиси Думаи давлатӣ бо роҳбари палатаи поёнии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ мулоқот хохоҳад кард.
Ёдовар мешавем, Мир Раҳмон Раҳмонӣ барои ширкат ба ҳайси нозир дар Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СПАД рӯзи гузашта вориди Душанбе шуда буд.