ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Овозхон ва блогери тоҷик Абдарозиқ дар таътил дар шаҳри Дубай барои пешрафти фаъолияти худ корҳои муҳимеро анҷом дод. Ӯ аз мувафаққиятҳои худ ба ҳамвандонаш дар Instagram нақл кард.
Яке аз рухдоди муҳим ва ғайриинтизор ин созишнома бо тими "Ал Васл" мебошад.
"Ман акнун бозигари Ал Васл ҳастам", - навиштааст Абдурозиқ зери аксе ва ба ин тим барои ҳамкорӣ изҳори сипос кардааст.
Бозӣ кардани Абдурозиқ дар кадом мавқеъи даста маълум нест, вале бино ба аксҳои нашркардааш, ӯ аллакай дар нишасти матбуотии ин даста ширкат карда ва дар майдони футбол аксбардорӣ намудааст.
Бояд гуфт, феълан дастаи "Ал Васл" қаҳрамони ҳафткаратаи АМА ва барандаи дукаратаи Ҷоми футболи Аморати Муттаҳидаи Араб мубошад.
Ин ягона комёбии Абдурозиқ дар ин сафараш нест. Ӯ фаъолона машқ мекунад ва ҳатто дар ринг камарбанди қаҳрамони WBC - ро аз ху кардааст.
Дар ин навор Абдурозиқ ба рақиби асосии худ, блогери доғистонӣ Хасбик салом мерасонад ва мегӯяд: "Камарбанд дар дасти ман аст, ту дар куҷоӣ?".
Вале, дар баробари кор ва фаъолият Абдурозиқ истироҳатро ҳам фаромӯш намекунад. Ӯ бори дигар ҷасурии худро бо парвоз кардан бо парашют нишон дод.
Дар тӯли ин парвоз Абдурозиқ аз шодӣ садо баланд мекард ва замоне, ба замин нишаст гуфт, "ин зӯр буд".
Муаллиме, ки ҳамроҳи Абдурозиқ парвоз карда буд, низ қайд намуд, ки парвоз хеле хуб гузашт.