Ҳамла ба хонаи Ато Муҳаммади Нур: чаҳор нафар захмӣ шуданд

Дар натиҷаи ҳамла ба хонаи Ато Муҳаммади Нур, воли пешини вилояти Балх чаҳор нафар захмӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ба хонаи Ато Муҳаммади Нур, воли пешини вилояти Балх, ки яке аз чеҳраҳои шинохтаи тоҷикони Афғонистон ба ҳисоб меравад ҳамла сурат гирифт, иттилоъ додааст хабаргузории tolonews.
Бино бар иттилои манбаъ, шахсони номаълум ба хонаи Ато Муҳаммади Нур, ки дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон мебошад ҳовон (тири гранатомет) фуруд омадааст, ки дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки бар асари ин ҳамла мошини Муҳамадалӣ Муҳаққиқ писари Муҳаммад Муҳаққиқ яке аз пешвоҳои қавми ҳазора дар Афғонистон, осеб дидааст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: бақои Афғонистон дар хатар аст
Таъкид шудааст, ки ҳовони партобшуда ба мошини зиреҳи Муҳаққиқ бархӯрдааст.
Сайид Муҳаммад Зоҳир Масрур, вакили мардуми Балх дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон ба tolonews гуфтааст, ки ҳамла замоне сурат гирифт, ки бо раҳбарии Ато дар хонааш маҷлисе дар ҷараён буд.
Дар ин маҷлис Ато Муҳаммади Нур бо бархе аз сиёсатмадорони дигар дар бораи вазъи амниятии вилояти Балх гуфтугӯ мекарданд.
Таъкид шудааст, ки то ҳол ҳеҷ як гурӯҳе уҳдадории ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Гуруҳи "Толибон" ҳам то кунун дар бораи ин рӯйдод чизе нагуфтаанд.