ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба аҳли хонадон ва хешону пайвандони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Аӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Убайдулло Раҷабов изҳори таслият кард.
"Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз даргузашти Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Убайдулло Раҷабов сахт андӯҳгин буда, ба аҳли хонадон ва мухлисони ҳунари марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуда, барояшон сабри ҷамил мехоҳад", - омадааст дар номаи таслият.
Манбаъ изҳор доштааст, ки "рӯҳи марҳум шод ва хонаи охираташ обод бод".
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Убайдулло Раҷабовро ҳунарманди маъруф, инсони масъулиятшинос, шахси хушахлоқу хушмуомила ва дӯстдори миллату Ватан хонд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳунарманд нисбат ба ҳунар ва фарҳанги миллӣ садоқату эҳтироми беандоза дошт.
"Номи некаш дар дили ҳамкорону ҳамкасбон ва дӯстону мухлисони ҳунари волояш ҷовидона боқӣ хоҳад монд. Рӯҳаш шод ва ёдаш гиромӣ бод", - омадааст дар изҳороти Вазорати фарҳанг.
Убайдулло Раҷабов 20 марти соли 1941 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Ӯ дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад.
Ӯ хатмкардаи студияи маҳорати актёрии назди Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1982) мебошад.
Фаъолияти кории худро Убайдулло Раҷабов соли 1968 дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст.
Солҳои 1970-1989 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ буд. Аз соли 1990 то 2000 ба ҳайси роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии "Оина", фаъолият кард.Солҳои 2000—2004 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аз соли 2004 бошад, директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии "Пойтахт-80" ва роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии "Оина" фаъолият мекард.
Ҳамзамон аз соли 1994 муаллиф, таҳиягар ва роҳбари бадеии ҷашну маросимҳои бузурги оммавӣ, намоишҳои театришуда ва консертҳои давлатӣ, омода намудани гурӯҳҳои ҳунармандон ба сафарҳои хориҷӣ буд.
Даргузашти Убайдулло Раҷабов барои фарҳанги тоҷик талафоти бузург аст.