Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Даргузашти пизишки номии тоҷик Фарида Мансурова аз COVID-19

Табиби номии тоҷик, узви Академияи улум, собиқ муовини мудири Институти илмиву тадқиқотии Гастроэнтерологияи Тоҷикистон даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Фарида Мансурова, пизишки номии тоҷик, корманди илмӣ, собиқ муовини мудири Институти илмиву тадқиқотии Гастроэнтерологияи Тоҷикистон, узви Академияи миллии улуми Тоҷикистон, корманди лабораторияҳои Маркази биология ва тибби амалӣ даргузашт.
Тавре як манбаи Sputnik Тоҷикистон гуфт, Мансурова дар пайи сироятёбӣ аз COVID-19 фавтидааст.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз марги ин пизишки тоҷик хабар медиҳанд.
"Хабари нохуш. Фарида Масурова Ҳомидовна даргузаштанд. Ба наздиконашон изҳори ҳамдардӣ мекунем", - менависад Зулӣ Раҳматова, корбари Фейсбук ва фаъоли иҷтимоӣ.
Мансурова дар Самарқанд дар оилаи табиб таваллуд шудааст, духтари академик Ҳамид Мансуров ва Ирина Мансурова аст.
Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мебошад.
Убайдулло Раҷабов даргузашт
Солҳои 1977-1982 корманди илмии кафедраи биохимияи тибби Институти илмии гастроэнтерология буд; аз соли 1982 сар карда, то моҳи январи соли 2002, вазифаи роҳбари кафедраи биохимияи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро адо мекард.
Соли 1984 кори илмии худро дар Академияи ба номи Сеченови Москва дифоъ намудааст. Соли 1998 дар Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Аз 1 феврали соли 2002 вай ба ҳайси муовини директори Институти илмӣ-тадқиқотии гастроэнтерология хидмат намуда, дар ин вазифа то соли 2010 мемонад.
Фавти масъули гусели мусофирони фурудгоҳи Душанбе дар беморхонаи сироятӣ
Аз соли 2010 дар лабораторияи Маркази биология ва тибби амалӣ ба кор мекард.
Мансурова, узви Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар тӯли фаъолияти худ понздаҳ асар ва дар маҷмӯъ зиёда аз 235 асари илмӣ, аз ҷумла се монография нашр кардааст.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов низ дар пайи коронавирус даргузашт. Аммо Вазорати тандурустӣ дар оморе, ки имрӯз нашр кардааст, ягон ҳолати марг аз вируси коронаро тасдиқ накард.