ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Дар як шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 24 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба рӯзи гузашта бештар аст.
Дирӯз, Вазорати тандурустӣ аз бемор шудани 21 нафар хабар дода буд.
Аз аввали ҳамагирии сирояти коронавирус то кунун дар кишвар 13 523 нафар гирифтори ин вабои аср шудааст.
Вазорати тандурустӣ изҳор доштааст, ки пас аз авҷи дигарбораи беморӣ дар Тоҷикистон, ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҳоле ки расонаҳо танҳо имрӯз аз даргузашти ду тан - ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов (ки дар маросими дафнаш мошини Ёри таъҷилӣ ва табибон бо либоси махсус ҳузур доштанд) ва Фарида Мансурова, пизишки номии тоҷик хабар медиҳанд.
Давоми 24 соат 16 нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди умумии шифоёфтагон аз аввали қайди COVID - 19 дар кишвар то кунун ба 13 318 кас баробар шуд.
Ёдовар мешавем, ки ситоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дигарбораи “вируси корона” дар Тоҷикистон хабар дод.
Ин ниҳод, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.