Бо дастури Раҳмон: вазири тандурустӣ шикояти мардумро мешунавад

Мардуми Тоҷикистон рӯзҳои шанбе ва сешанбе метавонанд, ба назди вазири тандурустии Тоҷикистон рафта, мушкилоташонро арз кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Вазорати танудустии Тоҷикистон аз рӯзҳои қабули мардум аз ҷониби вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода хабар медиҳад.
Бино ба гузориши ин ниҳод, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва сешанбе мардум метавонанд, мушкилашонро пеши вазир арз кунанд.

"Дар асоси дастури Президент Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз 23 июли соли 2016 ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва шанбе дар Вазорати тандурустӣ рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти вазорат баргузор мегардад", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки яке аз чунин вохӯриҳо рӯзи 29 июн баргузор шудааст.
Сокинони пойтахт дар назди вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода
Гуфта мешавад, ки Абдуллозода як қатор шаҳрвандони кишвар, ки бо масъалаҳои гуногун омада буданд, қабул намуда, бо онҳо озод ва ошкоро суҳбат кард.
Манбаъ мегӯяд, вазир муроҷиати шаҳрвандонро шунида, вобаста ба ҳалли масъалаҳои эшон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.