Ғайриинтизор: Украина Шветсияро шикаст доду ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт

Маълум шуд, кадом дастаҳо ба даври чорякниҳоии Ҷоми Аврупо - 2020 роҳ ёфтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби Украина, ки нахустин бор дар таърихи Ҷоми Аврупо ба даври ҳаштякниҳоӣ гузашта буд, ғайриинтизор ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Шаби гузашта ин даста бо талоши зиёд тими Шветсияро шикаст дод.
Вақти асосии бозӣ мусовӣ анҷом ёфт. Голи аввалиро бозигари дастаи Украина Александр Зинченко ба ҳадаф расонид.
Зебо ва ҷаззоб: 12 акси духтарони нозанин - ҳаводорони Ҷоми Аврупо - 2020
Дар даври аввал шветсиягиҳо ҳам ҳунари худро нишон доданд ва Эмил Форсберг як тӯбро вориди дарвозаи ҳариф кард.
Даври дуюм ягон натиҷаҳои назаррас наовард ва бозӣ ба овертайм гузашт.
Зимнан, дар дақиқаҳои охирин Артём Довбик, фазоро тағйир дода, тими Украинаро ба даври чорякниҳоӣ баровард.
Тими миллии Англия бошад, дар даври 1/8 бо футболбозони олмонӣ мубориза бурд.
Бритониёҳо дарвозаи Олмонро ду бор дар даври дуввум рахна карданд.
Тӯби аввалинро нишонзани беҳтарин дар Евро-2020 Раҳим Стерлинг ва дуввумиро капитани даста Гарри Кейн ба ҳадаф расонданд.
Аммо, ҳоло Бритониё ва Украина дар 1/4 Евро-2020 вомехӯранд. 3 июл онҳо дар Рим дар варзишгоҳи Олимпико бозӣ мекунанд.