Мушт, буғӣ, нокаут: навори дидании UFC пеш аз муборизаи сеюми Макгрегор ва Поре

UFC дар саҳифаи расмиаш дар YouTube пеш аз набарди варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор ва муборизи амрикоӣ Дастин Поре навори диданӣ нашр кард
Sputnik
Дар навор аз суханони Президенти 26-уми Иёлоти Муттаҳида Теодор Рузвелт иқтибос оварда мешавад, ки мегӯяд, инсон дар арена кист ва бояд чӣ хислатеро доро бошад.
Дар навор лаҳзаҳои диданӣ ва эҳсосоти ҳарду варзишкор пас аз бурду бохтҳо нишон дода шудааст.
Пас аз суханони Қодиров: Ҳабиби Нав гуфт, Нурмуҳаммадовро пора-пора мекунад
11 июл муборизони номдорро ҷанги сеюм интизор аст.
Ёдовар мешавем, дар набарди нахустин, ки соли 2014 баргузор шуда буд, варзишкори амрикоӣ бо нокаути техникӣ мағлуб шуд.
Замони баргузории мусобиқаи Ҳабиб дар Қирғизистон маълум шуд
Ҷанги дуввум моҳи январи соли равон баргузор шуд. Ин бор Поре дар даври дуввум Макрегорро нокаут кард. Ин аввалин бохт ба таври нокаут дар карераи варзишкори ирландӣ аст.
Макрегор дар фаъолияти касбии худ дар муҳорибаи омехта - 22 пирӯзӣ ва панҷ мағлубият дорад ва Поре шаш шикасту 27 ғолибият. Онҳо ҳамсоланд ва 32 сол доранд.