ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон барои пурзӯр кардани назорати эмгузаронӣ ба Ситоди ҷумҳуриявӣ ва Вазорати тандурустию раисони шаҳру навоҳӣ, дастуру супоришҳо дод, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.
"Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми COVID, таъкид намуд, ки масъалаи ваксинагузаронӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, таъмини доруворӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ қатъӣ назорат шавад", - омадааст дар хабарнома.
Раисиҷумҳур ҳамчунин дастур дод, ки ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, боғҳо, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо маводи безараргардонӣ таъмин карда шаванд.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 27 июни соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 205 619 нафар эм шудаанд.
Гуфта мешавад, дар марҳилаи дуюми эмгузаронӣ аллакай 18 029 нафар ваксин гирифтанд.
Тоҷикистон нахуст дар доираи механизми COVAX 192 000 воя ваксини AstraZeneca- ро дарёфт кард, ки дар марҳилаи аввал пизишкону омӯзгорон, маризон ва нафарони аз 60 - сола боло бо ваксин таъмин карда шуданд.
Зимнан, чанд рӯз қабл Чин 300 ҳазор воя ваксини сохти ватании худ CoronaVac - ро ба Тоҷикистон фиристод.
Пас аз вуруд шудани ин ваксин дар Тоҷикистон эмгузаронии афроди аз 18 - сола боло низ пиёда гардид.
Ёдовар мешавем, ки сар аз 21 июн маризии коронавирус дар Тоҷикистон аз худ дарак дод.Феълан дар ҷумҳурӣ 170 нафар гирифтори маризии коронавирус мебошанд, ки 65 тан аз онҳо аллакай шифо ёфтанд.