Путин дар бораи эҳтимолияти қарантини дубора гуфт

Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Локдауни умумирусиягӣ ҳанӯз ба нақша гирифта нашудааст, гуфт президенти Русия Владимир Путин ҳангоми суҳбати мустақим.
Владимир Путин 18 -ум бор имрӯз бо мардуми Русия мустақиман суҳбат мекунад.
Бори аввал президенти Русия соли 2001 бо мардум мустақиман гуфтугӯ кард. Аз он сол ба ин сӯ ҳамасола ин маросим баргузор мешавад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Русия штамми марговари коронавирус сабт шуд
Дар маҷмӯъ, Путин аз сокинони Русия беш аз 1,5 миллион дархост дарёфт кардааст.
Тӯлонитарин суҳбати мустақим бо Владимир Путин соли 2010 сурат гирифтааст. Он замон президент бо аҳолӣ мустақиман 4 соату 25 дақиқа сӯҳбат кард ва ба 88 савол посух дод.