ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Президенти Русия дар пахши мустақим ба масъалаи футбол низ дахл кард. Ӯ ба бозии дастаи мунтахаби футболи Русия дар Евро-2020 ва тими хоккейи Русия дар Ҷоми Ҷаҳонии 2021 баҳо дод.
"Варзиш варзиш аст, дар варзиш бурду бохтҳо вуҷуд дорад. Бояд якҷоя бо онҳое, ки барои кори тимҳои миллӣ масъуланд ва дар бораи он чиро ки бояд иваз кард, аз ҷумла дар робита бо кадрҳо фикр кунем", - гуфт Путин.
Ҳамзамон, раҳбари Русия ба далели шикасти тимҳои миллӣ дар мусобиқоти байналмилалии варзишӣ даъват кард, ки "ба сари худ хокистар напошед".
Ба гуфтаи Путин, Русия ҳам дар футбол ва ҳам хоккей иқтидори хуб дорад.
Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи июн мунтахаби Русия аз Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккейи соли 2021 афтид. Дар чорякфинал даста бо Канада вохӯрда аз он 1: 2 шикаст хӯрд.
Чанде пеш, дастаи мунтахаби футболи Русия низ дар пайи бохти калон аз идомаи рақобатҳо дар Чемпионати Аврупо-2020 маҳрум шуд. Дар бозии ҳалкунанда барои роҳ ёфтан ба плей-офф футболбозон Русия аз Дания бо ҳисоби 1: 4 ширкаст хӯрд.
Ҳарду бохтро дӯстдорони варзиш дар Русия манфӣ пешвоз гирифтанд.
Чун анъана, суҳбати мустақими президенти Русия бо мардум ҳар сол баргузор мешавад, ки ин дафъа маротиба 18 - ум аст, ки наздики ду миллион суолу муроҷиатнома ворид шудааст. Бори аввал кишвардор дар чунин формат соли 2001 бо мардум гуфтугӯ карда буд.
Тӯлонитарин суҳбати ӯ бо сокинони Русия дар соли 2010 сурат гирифт. Он замон президент бо аҳолӣ мустақиман 4 соату 25 дақиқа суҳбат кард ва ба 88 савол посух дод.