Охирин сарбозони Олмону Италия Афғонистонро тарк карданд

Вазири дифои Олмон дар бораи хуруҷи пурраи нерӯҳои олмонӣ аз Афғонистон эълом кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июн— Sputnik. Ба гузориши Sputnik Афғонистон, вазири дифои Олмон Аннегрет Крамп-Карен Бауэр дар як изҳорот гуфтааст, ки охирин сарбозони немис пас аз тақрибан 20 - соли рисолати низомӣ шоми дирӯз (сешанбеи 8 май) Афғонистонро тарк карданд.
"Сарбозони охирини мо баъд аз тақрибан 20 сол имшаб Афғонистонро тарк карданд ва ба ватан бармегарданд", - афзудааст ӯ.
Тақрибан ду даҳсолаи ҳузури низомии Олмон дар Афғонистон маргбортарин рисолати низомии артиши Олмон пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дониста мешавад.
Олмон дар Афғонистон тақрибан 1100 сарбоз дошт, ки аксари онҳо дар Мазори Шариф, маркази вилояти Балх мустақар буданд.
Ассошиэйтед Пресс гуфт, дар Афғонистон чиқадар сарбози амрикоӣ боқӣ мемонад
Ҳангоми ҳузури низомиёни Олмон дар Афғонистон аз соли 2002 то хуруҷ ҳадди аққал 59 сарбоз кушта шудааст.
Ҳамзамон имрӯз вазири дифоъи Итолиё Лорензо Герини низ хабар дод, ки низомиёнаш ба пуррагӣ хоки Афғонистонро тарк кардаанд.
Вазир таъкид кардааст, ки акнун Итолиё кумакро ба мақомоти Афғонистон идома хоҳад дод, аммо бидуни доштани сарбозон дар қаламрави ин кишвар.
Италия яке аз фаъолтарин иштирокчиёни миссияи НАТО дар Афғонистон буд. Тибқи иттилои Вазорати мудофиа, дар тӯли тақрибан 20 соли ҳузури низомӣ дар қаламрави Афғонистон, 53 низомӣ кушт ва 723 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин муддат 50 ҳазор сарбози итолиёвӣ дар Афғонистон хидмат кардаанд.
Интизор меравад, миссияи низомии Эътилофи Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии ИМА дар Афғонистон то 11 сентябр ба итмом расад.