ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Дар вебсайти Роспотребнадзор тавсияҳо барои онҳое, ки аз коронавирус эм карда шудаанд, пайдо шуд.
Дар рӯйхати маслиҳатҳои мутахассисон 7 нуқта мавҷуд аст.
Аз ҷумла, Роспотребнадзор маслиҳат медиҳад, ки пас аз ваксина бори аввал аз фаъолияти ҷисмонӣ ва сауна даст кашед.
Рекомендации Роспотребнадзора после вакцинации от коронавируса
© Роспотребнадзор
Инчунин, пас аз ваксина, шумо бояд якчанд рӯз машруботро фаромӯш кунед.
Коршиносон қайд мекунанд, ки вокуниши иммунӣ ҳангоми эмкунӣ дар як лаҳза шакл намегирад, аз ин рӯ набояд ниқобҳо, дастпӯшакҳо, масофаи иҷтимоӣ ва дигар чораҳои муҳофизатӣ аз коронавирусро фаромӯш кард.
Роспотребнадзор инчунин хабар медиҳад, ки нишонаи монанд ба зуком пас аз ваксина бо баланд шудани ҳарорат муқаррарист. Одатан, барои осон кардани он, доруҳои табпоинкунанда истеъмол кардан кофӣ аст.
Коршиносон инчунин рӯшан кардаанд, ки агар ҳомиладорӣ пас аз ваксина ё дар фосилаи байни ду ваксина ба вуқӯъ ояд, хавотир нашавед. Ба гуфтаи онҳо, эмкунӣ ягон хатари изофӣ ба саломатиро надорад.