ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Дар ҷаласаи Ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъсиси муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баррасӣ гардид.
Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон гузориш додааст, ки яке аз масоили баррасикардаи аъзои Ҳукумат бораи таъсиси муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон “Шаҳнавоз” буд. Дар иттилоия зикр нашудааст, ки қарорҳои Ҳукумат дар пайи баррасии ин масъалаҳо қабул гардиданд ё на.
Аммо Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, ҳанӯз тобистони соли гузашта хабар дода буд, ки лоиҳаи қарорҳо барои таъсиси шабакаҳои ҷадид омода ва ба Ҳукумат фиристода шудаанд.
Дар Тоҷикистон қаблан дар баробари “Шаҳнавоз” ва ва "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" инчунин аз таъсису фаъолшавии шабакаи "Илм ва табиат" мегуфтанд.
Телевизиони навтаъсис соҳавӣ буда, аз бурду бохти соҳаҳои алоҳида, аз мусиқӣ то илму сайёҳӣ барномаҳо нашр мекунанд.