Аз қарздорӣ дар марказҳои букмекерӣ то қатли ҳамсоя: чӣ гуна Одинаев Розиқоваро кушт

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Одинаев Муҳаммад, сокини шаҳри Ҳисорро бо ҷурми куштор ба муҳлати 27 сол, равонаи зиндони низомаш шадид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Ин сокини шаҳри Ҳисор дар куштори ҳамсояаш барои тасарруфи молу мулк ва захмӣ намудани духтари ӯ айбдор дониста шуда, бо моддаи 67 қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешавад, хабар додааст котиботи Прокуратураи генералӣ.
Ба иттилои манбаъ, Одинаев Муҳаммад Мансурович, дар раванди бозиҳои букмекерӣ қарздор шуда, барои аз ин вазъият раҳо шудан, нақшаи дуздиро кашида, санаи 26 декабри соли 2020 дар рӯй ниқоб кашиду ба хонаи ҳамсояаш Розиқова Ороста ворид гардида қасди дуздии молу мулки ӯ намуда буд.
Аммо, ҳангоми дар ҳавлӣ қарор доштанаш соҳибхона Розиқова Ороста, аз ҳуҷраи хонаи истиқоматиаш мебарояд ва Одинаев бошад ин замон нақшаашро дигар карда, қасди куштори ӯро мекунад

"Бо ин мақсад, Одинаев М.М. мунтазири аз ҳаммом баромадани Розиқова О. шуда, ба ӯ ҳуҷум карда, бо дасти чапаш даҳону бинӣ ва бо дасти росташ сари ӯро фишурда, роҳи нафаскашии ӯро пурра маҳкам намудааст, ки дар натиҷа Розиқова О. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - афзудааст манбаъ.

Баъд аз ин, Одинаев ҷасади Розиқоваро ба дохили ҳоҷатхона гузаронида, гушворҳои тиллоӣ арзишаш 1258.19 сомонӣ ва ангуштарини тиллоӣ арзишаш 775,05 сомонӣ, ки дар маҷмӯъ 2033.24 сомониро ташкил медиҳанд, тасарруф намудааст.
Ҳамчунин, Одинаев пас аз роҳзанӣ ва куштори ҷабрдида вориди яке аз ҳуҷраҳои истиқоматии ӯ гардида, ба кофтани молу мулк шурӯъ менамояд, ки ин лаҳза духтари ноболиғи Розиқова - Розиқова Меҳронаи 15 - сола аз хоб бедор шуда, Одинаевро дида, аз тарс доду фиғон кардааст.
Одинаев аз ин ҳолат ба ҳарос афтода, бо мақсади куштан ва руйпуш кардани ҷиноятҳои содирнамудааш, ба ноболиғ Розиқова Меҳрона ҳуҷум карда, ӯро низ куштанӣ мешавад.
9 соли зиндон ба командири кисми ҳарбии КДАМ барои сарбозозории тобеонаш
Дар ин ҳолат ноболиғ муқобилият нишон дода, бо дасташ кулоҳи дар cap доштаи ӯро кашида, панҷаи дасти росташро мегазад, ки дар натиҷа дастпуши дасти чапи Одинаев ба болои фарши хуҷра афтида, номбурда аз тарси он, ки духтари ҳамсоя ӯро нашиносад, аз ҳуҷра ба ҳавлӣ баромада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
Оиди ин ҳодиса прокурори шаҳри Ҳисор, нисбати Одинаев тибқи моддаҳои одамкушӣ, роҳзанӣ, суйиқасди ҷиноят парванда оғоз гардид, ки пасон бо қарори додгоҳ номбурда ба 27 соли маҳрурият аз озодӣ маҳкум гардид.