ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова зимни ҷаласаи президиуми шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди COVID-19, дар Русия пайдо шудани навъи марговари коронавирусро тасдиқ кард.
"Мо ҳамаи маълумотро бодиққат санҷидем. Хабар тасдиқ шуд: ин воқеан навъи "делта плюс" аст, - гуфт ӯ.
Бо сабаби сабти ин бемории хатарнок дар кишвар, Попова аз сарвазири Русия Михаил Мишустин даъват кард, ки фармони манъи чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла чорабиниҳои сиёсиро дастгирӣ кунад.
Ёдовар мешавем, ки "делта плюс" як навъи штамми ҳиндии коронавирус аст. Он бори аввал тирамоҳи соли 2020 кашф карда шуд.
Коршиносони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) қайд карданд, ки "делта плюс" нисбат ба нусхаи аввали COVID-19, ки аз Ухани Чин паҳн шудааст, ду маротиба хатарноктар аст.
Намуди нав марговартар аст, гуфтанд коршиносон.
Намуди нави коронавирус бо ҳуҷайраҳои шуши инсон зудтар пайваст мешавад ва дарҳол онҳоро сироят мекунад.
Дар ҳоли ҳозир "делта плюс" ба ҷуз Русия, дар панҷ кишвари дигар сабт шудааст. Тибқи омор то 28 июн, дар ҷаҳон танҳо 200 ҳолати сироятёбӣ ба ин штамми COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Бисёре аз олимон аз бесамар будани аксари ваксина нисбати штамми "делта плюс" изҳори нигаронӣ мекунанд.
Қаблан директори маркази илмии "Вектор" -и Русия Ринат Максютов гуфта буд, ки доруи "ЭпиВакКорона" баданро аз ҳама гуна мутатсияҳои COVID-19 муҳофизат мекунад.