Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Қирғизистон, Содир Ҷабборов дар дараи зебоманзари Варзоб сайру гашт карданд.
Чуноне хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ин вохӯрӣ дар истироҳатгоҳи "Баҳор" баргузор шуд.
Президентҳо дар фазои ғайрирасмӣ "бидуни гарданбанд" гуфтугӯ карданд.
Дар ин дараи зебоманзар кишвардорон масъалаи рушди сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, кишвардори Тоҷикистон ба раисиҷумҳури Қирғизистон табиати зебои кишварро нишон дод.