ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки ӯро ҳамзамон туркманҳо Ҳоҷӣ Аркадаг низ мегӯянд, ба муносибати 64-умин солгарди зодрӯзаш, барқияи табрикӣ фиристод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари Туркманистон.
Раҳмон ба Бердимуҳаммадов "саломатии бардавом, хушбахтӣ, сарбаландӣ" ва дар ҳама корҳояш муваффақият орзу кардааст.
"Ба туфайли фаъолияти пурсамари шумо ҳамчун сарвари давлат, Туркманистон бо роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ устуворона пеш рафта, нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам мекунад", - омадааст дар паёми Эмомалӣ Раҳмон.
Президент дар ин нома таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо Туркманистон дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва эҳтироми тарафайн мебошад.
Ба гуфтаи Раҳмон, идомаи "муколамаи созанда ва кори муштараки зич" ба рушди минбаъдаи давлатҳо ба манфиати ду халқ хидмат хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки роҳбарони дигар давлатҳо низ табрикоти зодрӯзияшонро фиристодаанд.
Дар баробари президенти Тоҷикистон Бердимуҳаммадовро ҳамчунин Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, президенти Беларус Александр Лукашенко ва дигарон табрик кардаанд.