Пойтахти Афғонистон боз ба торикӣ фурӯ рафт

Ба дунболи хароб шудани як пояи барқи воридотӣ дар наздикии вулусволии Багроми вилояти Парвон, марказ ва чандин вилояти дигари Афғонистон ба торикӣ фурӯ рафтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Абдул Салим Нурӣ, сухангӯи фармондеҳии полиси Парвон ба рӯзномаи Иттилооти Рӯз гуфт, ки тақрибан соати 9:20 як пояи барқи воридотӣ дар минтақаи Работи вулусволии Багроми ин вилоят, бо инфиҷори мина вайрон шудааст.
Бо тахриби ин поя, барқи воридотӣ ба шаҳри Кобул ва чанд вилояти дигар қатъ шудааст. Ҳанӯз мушаххас нест, ки ин поя аз сӯи кадом фард ё гурӯҳе мунфаҷир шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкати Брешна ба тозагӣ ду пояи тахрибшуда дар Саланги Парвонро тармим карда, хати барқи воридотиро дубора васл карда буд.
Тоҷикистон барои содироти нерӯи барқ ​​ба Афғонистон ва Ӯзбекистон омода аст
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистону Афғонистон ҳанӯз 20 июни соли 2008 созишномаи хариду фурӯши барқро ба имзо расонида буданд.
Айни замон байни Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя 13 хатти интиқоли барқ ​​(ЛЭП) -и шиддатҳои гуногун бо иқтидори умумии 4570 МВт мавҷуданд.
Ҳамзамон, 3500 МВт ба хати интиқоли барқ ​​байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, 500 МВт байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва 570 МВт байни Тоҷикистон ва Афғонистон рост меояд.
Солҳои қаблӣ Тоҷикистон ба Афғонистон тақрибан 1,2-1,3 миллиард кВт / соат содирот мекард.