ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон, дар як наворе, ки вазорати дифои ин кишвар дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук нашр кардааст ба Толибон* паёме фиристод.
Дар ин паём вазир гурӯҳи Толибонро ба хотима додани ҷанг даъват карду, таъкид кард мубориза бояд бо террористони хориҷӣ пурзӯр шавад ва Ватанро аз ин бадбахтӣ наҷот диҳанд.
“Як паём ба Толибон дорам! Ҷанг роҳи ҳал нест, агар ҷанг роҳи ҳал мебуд дар ин 20 сол маълум буд” - гуфт генерл Муҳаммадӣ
Дар ҳамин ҳол, оқои Муҳаммадӣ ба Толибон гуфт: "агар онҳо бихоҳанд аз роҳи зуру хушунат болои мардуми Афғонистон ҳукумат кунанд ин ормонашонро бо худ ба гӯр бубаранд".
Ин дар ҳолест, ки як моҳи охир чандин вулусволиҳои шимоли Афғонистон ба дасти ҷангҷӯёни Толибон суқут мекунад. Аммо вазорати дофои ин кишвар суқути вулусволиҳоро рад мекунад ва мегӯяд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз талафот нерӯҳои дифоъ ва амният ақибнишинии тактикӣ карданд.
Пас аз суқути ноҳияҳо, садҳо тан аз нерӯҳои мардумӣ дар вилоятҳои мухталиф дар ҳимоят аз нерӯҳои дифоӣ ва амниятӣ алайҳи ҷангҷӯёни Толибон басиҷ шудаанд.
Вазорати дифоъ ба нерӯҳои мулкие, ки бо Толибон* меҷанганд итминон додааст, ки онҳоро бо тамоми таҷҳизоти низомӣ таъмин хоҳад кард.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия