Чуноне, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ба хотири пазироии меҳмон Қасри миллат идона оро ёфта буд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборовро истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.
Маросими истиқбол бо гузориши фармондещи қаровули фахрӣ ва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар баргузор шуд.
Аз навор дида мешавад, замоне, ки суруди миллии Қирғизистон навохта мешавад, кишвардор Содир Ҷабборов зери лаб онро замзама мекунад.
Дар ин маросим, ҳамчунин сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ гузашта, бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб ошно шуданд.
Ҳайати Тоҷикистон, ки аз раисони ду палата, сарвазир, раиси дастгоҳи президент, вазири корҳои дохилӣ ва раҳбари КДАМ иборат буданд, даст пеши бар кишвардори Қирғизистонро истиқбол гирифтанд.