ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Мулоқоти як ба яки сарони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе ба дарозо кашидааст.
Тибқи иттилои шоҳидон ҳол, қаблан дар назар буд, мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов соати 09:20 оғоз гашта, соати 11:00 хотима ёбад, аммо ҳоло дар Душанбе соат наздик ба 16:00 мерасаду мулоқоти хоси раисиҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз идома дорад.
Ба иттилои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ба назди сарони кишварҳо чанд тубус, ки маъмулан дар он харитаҳо нигаҳдорӣ мешавад, даровардаанд.
Қаблан гуфта мешуд дар ин мулоқот интизор меравад масоили марзӣ баррасӣ шавад.
Имрӯз низ дар оғози мулоқот Содир Ҷабборов бо таассуф қайд кардааст, ки рӯйдодҳои фоҷиабори рӯзҳои 28-30 апрели имсол барои мардуми ду кишвар рӯзҳои озмоишҳои шадиди таърихӣ ва ғаму андӯҳ шуданд.
"Мехостам таъкид кунам, ки ҳарду ҷониб набояд ба такрори бархӯрдҳои мусаллаҳона роҳ диҳанд. Халқҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон аз замонҳои қадим халқи бародар буданд, қирғизҳо ва тоҷикон ҳамеша муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстонаро нигоҳ медоранд”, - таъкид дошт ӯ.
Президент Содир Ҷабборов изҳори итминон кардааст, ки бо талошҳои муштарак ҷонибҳо роҳҳои ҳалли мушкилоти марзиро пайдо хоҳанд кард.
Эмомалӣ Раҳмон бошад, таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ба сафари расмии Содир Ҷабборов ба кишвар аҳамияти калон медиҳад ва ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо самимона манфиатдор аст.