ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Вазъи COVID-19 дар Маскав ҳамоно душвор боқӣ мемонад, гуфт мири шаҳр, Сергей Собянин.
"Дар тӯли ҳафтаи охир шумораи беморони дар беморхонаҳо бистаришуда, одамони дар шӯъбаи эҳёбуда ва фавтидагон аз коронавирус рекордӣ шуд", - гуфт ӯ.
Шаҳрдор афзуд, аз ин рӯ мақомот маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард.
Акнун ба тарабхонавҳо ва қаҳвахонаҳо танҳо касоне, ки ваксина гирифтанд, шифоёфтаанд ва онҳое, ки ташхиси манфии вируси коронаро доранд, дастрасӣ доранд.
Ба гуфти ӯ, дар натиҷаи ин тадбирҳо шумораи сабтҳои эмгузаронӣ дар рӯзҳои корӣ то 86 ҳазор афзоиш ёфт, ки "ин нишондиҳандаи хуб аст".
"Бори дигар такрор мекунам, ки мо бо як навъи сирояти хеле хатарноку марговар сари кор дорем. Ман аз ҳама хоҳиш мекунам, ки худро эҳтиёт кунанд ва бо аввалин имконият эм гиранд", - таъкид кард Собянин.
Ёдрас мешавем, ки имрӯз дар тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳои Маскав қоидаҳои нав мавриди амал қарор гирифтанд. Акнун ба тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳо танҳо ашхосе роҳ дода мешаванд, ки эм гирифтаанд ё аз вируси корона шифо ёфтаанд.
Инчунин шаҳрвандоне, ки озмоиши манфии вируси коронаро доранд, метавонанд аз хизматрасонии қаҳвахонаҳо истифода кунанд. Кормандони ин муассисаҳо бояд пурра эм гирифта бошанд.
Дар давоми рӯзи гузашта дар Маскав шумораи максималии фавт аз коронавирус - 124 ҳолат, сабт карда шуд. Аз оғози пандемия дар пойтахт, 1 346 183 нафар гирифтори вируси корона шудааст.
22 ҳазору 210 нафар беморон қурбонии ин беморӣ шуданду 1миллиону 148 ҳазору 291 нафар аз ин вабои аср шифо ёфтанд.