ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Тоҷикистон рӯзи душанбе СААД-ро аз вазъи марзи Афғонистон огоҳ кард, гуфт котиби матбуотии ин созмон Владимир Зайнетдинов дар суҳбат бо РИА Новости.
"Ҷониби Тоҷикистон ба роҳбарияти СААД дар бораи вазъи имрӯза муфассал хабар дод", - гуфт ӯ.
Мақомоти марзбонии КДАМ гуфтанд, субҳи 27-уми июни соли 2021 гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати "Толибон"* ба мавзеи сарҳадбонони ҶИА воқеъ дар постгоҳи сарҳадии Чукчуки вулусволи Калдори вилояти Балхи Афғонистон ҳамла намуданд.
Дар натиҷаи ин задухӯрд, 17 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, тавассути ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳи 1-уми ОС 0305-и “Шаҳритус”, сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.
КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, вазъияти умумӣ дар ин минтақа мураккаб боқӣ монда, задухӯрдҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои ҳаракати “Толибон” ва қувваҳои ҳукуматии Афғонистон идома дорад.
Қаблан низ дар пайи ҳамлаи "Толибон" дар минтақаи Шерхон - бандар беш аз 100 низомии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, ки баъдан ба Ватан баргардонда шуданд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия