Рақиби пешрафта: Русия ба иғвои эсминетси бритониёӣ шадидан посух дод

Киштӣ се километр ба оби Русия ворид шуд. Низомиён чанд огоҳиро, ки тариқи алоқаи радиоӣ садо дод, нодида гирифтанд. Ҳавопаймои бомбаандози Су-24М-и Флоти Баҳри Сиёҳ барои огоҳонидан бомб андохт.
Sputnik
Русия намехоҳад бо НАТО дар зиддият бошад, вале барои таъмини амнияти марзҳояш талош мекунад, барои ҳамин иғвои эсминетси бритониёии Defender рӯзи 23 июн дар наздикии соҳилҳои Қрим барои аксари сарнишинони экипаж миссияи охирон шуд. Бомбаи авиатсияи Русия ба киштии марзшикан имкон медиҳад, ки якчанд нуқси қувваҳои обии НАТО - ро дар баробари рақиби пешрафта дарк кунад
Эсминетси бритониёии HMS Defender то нисфирӯзии 23 июн марзи Русияро дар наздикии Қрим шикаст, дар ҳоле, ки пештар Русия дар ин қисмати Баҳри Сиёҳ, барои бомбандозӣ маҳддуият ҷорӣ кард. Дар ин қисмат пайдо шудани ҳама гуна киштӣ хатарнок буд.
"Толибон" ба дом афтоданд: оё ҷангиён марзи Тоҷикистонро нигоҳ медоранд?
Эсминетси Defender се километр ба дохили обҳои Русиф ворид шуд. Қонуншиканҳо чанд огоҳиро, ки тариқи алоқаи радиоӣ садо дод, нодида гирифтанд. Ҳавопаймои бомбаандози Су-24М-и Флоти Баҳри Сиёҳ барои огоҳонидан бомб андохт.
Танҳо баъди ҳамаи ин, киштӣ соати 12.23 ин минтақаро тарк карда роҳи Халиҷи Форсро пеш гирифт.
Барои "нуқтаро дар ҷояш" гузоштан, Вазорати дифои Русия, навори пеш кардани киштии марзшиканро нашр кард. Кремл ин амалро чун иғвои тарҳрезишудаи Бритониёи Кабир арзёбӣ кард. Версияи расмии Бритониё дар бораи гузашти киштӣ ба обҳои Украинаро ҳеҷ гуна интиқод, тоб намеорад.
Барои чӣ эсминетси бритониёӣ ба ин кор даст зад?

Миссияи таърихӣ

Эсминетси мушакии HMS Defender рӯзи 14 июн ба Баҳри Сиёҳ ворид шуда, рӯзи 18 июн дар бандари Одесса қарор гиирфт ва баъди се рӯз дар ин киштӣ маросими имзо шудани созишнома дар бораи ҳамкориҳои низомии Украина ава Бритониё дар панҷ соли оянда, баргузор шуд.
Лондон ва Киев барои боздошти муштараки Русия изҳори умедворӣ карданду барои ҳамроҳ сохтани киштиҳои ҷангӣ ба мувофиқа расиданд.
Чуноне қазияи рӯзи 23 июн нишон дод, гузинаи "боздошт" пеш аз ҳама барои рақибони Русия хатарнок аст.
Сабаби дуюми иғво низ мавҷуд аст - эсминетси бритониёии HMS Defender барои "гарм кардан" - и тамрини низомӣ - обии ИМА ва Укриана Sea Breeze-2021, ки аз 28 июн то 10 июл бо ширкати низомиёни 30 кишвар, 32 киштӣ, 40 ҳавопаймо, 5000 низомиён, 18 гурӯҳи вижа баргузор мешавад, истифода шуд.
Деги ҷӯшони Афғонистон метавонаб ба Осиёи Марказӣ кӯчад
Муттассифона бори даҳум дар ин манёврҳои зиддирусиягӣ Молдоваи бетараф, ки аз ваксина дарёфт мекунад, ширкат дорад.
Дар ҳамин ҳол, пеш аз иғвои Бритониё дар соҳили Қрим, Русия рӯзи 22 июн аз Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш даъват кард, ки аз манёврҳои таҷовузкоронаи Sea Breeze (Насими баҳр) даст кашанд, ки хавфи ҳодисаҳои нохост дар баҳри Сиёҳро зиёд мекунанд.
Чунин ба назар мерасад, ки "шарикон" бори дигар иродаи неки Маскавро нодида гирифтанд. Пас аз саҳнаи аввал бо тирандозӣ ва бомбгузорӣ дар минтақаи Баҳри Сиёҳ, эҳтимолан дар ду ҳафтаи оянда иғвоҳои нав омода мешаванд.
Тасодуфӣ нест, ки рӯзи 24 июн муовини вазири корҳои хориҷии ФР Сергей Рябков изҳор дошт: "Мо метавонем ба ақлу амали солим даъват кунем, эҳтироми қонунҳои байналмилалиро талаб кунем. Агар ин кӯмак накунад ва ҳамкоронамон дарк насозанд, мо метавонем ҳатто ба ҳадаф бомба занем". Ғайри дипломатӣ, аммо бешубҳа, зеро дахлнопазирии марзҳои Русия як амри мутлақ аст.
Ҳодиса дар наздикии Фиоленти Қрим қазия бо эсминетси амрикоӣ Ҷон Маккейн, ки марзи Русияро дар халиҷи Пётри Кабир, дар наздикии Владивосток тирамоҳи соли 2020 вайрон кард, ба ёд меорад.
"Тайфун"-ҳои Бритониё барои кӯмак ба эсминетсҳои ИМА Баҳри Сиёҳро ба шӯр меандозанд
Киштӣ зери таҳдид аз ҷониби "Адмирал Виноградов" роҳашро тағйир дод. Пас аз он, Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия ҳуқуқи оташфишонии артиллерия ва зарбаҳои ҳавоӣ нисбати вайронкунандаи сарҳади давлатиро гирифт.

Ташкили бесуботӣ

Машқи Sea Breeze-2021 дар қисмати шимолу ғарбии Баҳри Сиёҳ ва дар чанд минтақаи Украина баргузор мешавад.
Манёврҳо аз ҳудуди минтақаи обии Украина берун мешаванд. Дар нақша: фуруд омадани нерӯҳои ҳавоӣ, амалҳои Нерӯҳои Амалиёти махсуси НАТО дар якҷоягӣ бо нерӯҳои заминӣ дар полигонҳои минтақаҳои Херсон ва Николаев - дар наздикии Қрими Русия аст.
Тибқи сенария, гурӯҳи эътилофи нерӯҳо барои "ба эътидол овардани вазъи бӯҳронӣ", ки дар натиҷаи фаъолияти баъзе "ғайриқонунӣ" барои гурӯҳҳои мусаллаҳи Украина ба амал омадааст, ки аз "мақомоти давлати ҳамсоя дастгирии ҳамаҷониба доранд" истифода мешаванд.
Дар ин ҷо мо вектори таҷовуз ба қаламравҳои Донбассро, ки аз ҷониби Киев назорат намешавад, мебинем. Шояд эътилоф кӯшиш кунад, ки "пешрафти Керч" -и соли 2018-ро такрор кунад ва ин амалиёт барои ташкилкунандагон натиҷаи пешгӯии таҳқиромез хоҳад дошт.
Фавран пешвоз гирифтанд: Эсминетси ИМА дар Баҳри Сиёҳ шартан нобуд карда шуд
Дар ҳоли ҳозир, НАТО намехоҳад барои эҷоди хатар ба Украина узвият бидиҳад, то аз хатҳои "сурх" - и Русия берун нашавад.
Эътилоф бисёр барномаҳои ҳамгироии "соядор" -ро амалӣ мекунад. Масалан, дар як полигони назди Мариупол 60 инструктори англис ва даниягӣ 500 сарбози украиниро тирандозии снайперҳо ва маводи тарканда меомӯзонанд.
Аҳолии Донбасс чунин ғамхории "шарикон" -ро барои амнияти мардуми Украина эҳсос мекунад.
Дар он тарафи сайёра, Флоти Уқёнуси Ором бори аввал дар таърихи муосир дар қисми марказии Уқёнуси Ором - дар самти Ҳавайӣ, ки як киштии ҳавопаймоии ғарқшудаи ИМА ҳисобида мешавад, машқҳои калонҳаҷм ташкил кард.
"Толибон" ба дом афтоданд: оё ҷангиён марзи Тоҷикистонро нигоҳ медоранд?
Дар манёврҳо ҳудуди бист киштии мушакӣ ва киштиҳои зериобӣ, ҳавопаймоҳо ва чархболҳо ширкат карданд. Нест кардани гурӯҳи душмани шартӣ бомуваффақият тамрин крада шуд. Флоти ҳарбии баҳрии Русия қодир аст "боди" гиперсадоӣ ё термоядроиро ба душмани эҳтимолӣ дар ҳама ҷо дар Уқёнуси Ҷаҳон ташкил кунад.
Дар Конфронси Маскав оид ба амнияти байналмилалӣ, президенти Русия Владимир Путин, вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ва сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов ба "шарикон" дар бораи эҳтимоли баланди ҷанг ҳушдори "сегона" доданд.
Сардори Ситоди Генералӣ ба ёдовар шуд: "Федератсияи Русия ҳуқуқ дорад силоҳи ҳастаиро танҳо дар посух ба истифодаи яроқи ҳастаӣ ва дигар намудҳои силоҳи қатли ом ё ҳампаймоҳо, инчунин дар сурати таҷовуз ба Русия бо истифода аз силоҳи маъмулӣ, замони таҳдид ба ягонагии давлат истифода барад".