Эълони нархи ваксина барои муҳоҷирони меҳнатӣ

Тафсилоти эмгузаронӣ, аз ҷумла нарху макони ваксинагирӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ маълум шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Мақомоти Маскав арзиши эмгузаронӣ алайҳи коронавирус барои муҳоҷирони меҳнатии хориҷиро эълом кардаанд.
Ваксинзанӣ алайҳи COVID-19 барои муҳоҷирони меҳнатӣ 1300 рублро ташкил медиҳад, изҳор дошт хадамоти матбуоти раиси шаҳри Маскав ва ҳукумати пойтахт.
Муқаррар карда шудааст, ки маблағи эмгузаронӣ барои муҳоҷирони меҳнатиро корфармоёнашон пардохт мекунанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Алмаато дар пешорӯи мавҷи чоруми коронавирус қарор дорад
Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия бо “Спутник лайт” эм карда мешаванд. Хадамоти матбуот инчунин тавзеҳ дод, ки пас аз баррасии аризаи корфармоён, санаи мушаххаси эмгузаронии кормандон барои ҳар як ташкилот таъйин карда мешавад.
Хадамоти матбуот илова намуд, ки коргарони хориҷӣ пеш аз эмгузаронӣ аз ҷониби духтур муоина карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки эмгузаронии муҳоҷирон дар Маскав дар Маркази муҳоҷират дар Сахарово сурат мегирад ва нуқтаи дуввуми эмгузаронӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ба зудӣ дар маркази савдои “Садовод” боз мешавад.