Мусодираи асал ва чаккаву қурути "мамнӯъ" аз бағоҷи муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар Саратов аз мусофирони тоҷик асал ва маҳсулоти ширии "мамнӯъ" - ро мусодира карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар Русия аз як гурӯҳ тоҷикистониён 40 кило маҳсулотеро, ки тариқи ҳавопаймо ба Саратов бидуни санади зарурӣ интиқол дода шуда буданд, мусодира карданд.
Раёсати Росселхознадзор дар Самара хабар дод, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Самара миқдори колони маҳсулоти номатлубро мусодира кардааст.
ВКД Русия гуфт, муҳоҷирони кадом кишварҳо нисбати фарзандони худ масъулиятнок ҳастанд
Гуфта мешавда, дар фурудгоҳи Гагарин 40 кило маҳсулоте, ки тавассути хатсайрҳои Хуҷанд-Саратов ва Кӯлоб-Саратов дарёфт гардид.
Ин ҳамаро муҳоҷирони тоҷик дар бағоҷи дастиашон гирфта будаанд.
Манбаъ меафзояд, маҳсулоти мусодирашуда асосан аз асал ва маҳсулоти ширӣ, чакаву қурут иборат буданд.
Раёсати Росселхознадзор таъкид кардааст, ки маҳсулоти мусодирашуда мувофиқи қонунгузории бойтории амакунандаи Русия нобуд карда мешаванд.
Ёдрас мешавем, ин бори авал нест, ки аз муҳоҷирони тоҷик ин ё он маҳсулотро бо далели надоштани санади мутобиқ мусодира мекунанд.
Чунончи, пештар Хадамоти гумруки Русия хабар дод, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Русия дар умум 222 кило нос мусодира кардааст.