ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Мақомоти шаҳри Норак хабар додааст, ки машҳуртарин куҳансарбози ҶБВ аз шаҳри Норак Гулов Малах даргузашт.
“Аз даргузашти Гулов Малах мақомоти шаҳри Норак сахт андуҳгин шуда, ба аҳли оила, дӯстону пайвандони марҳум тасаллияти амиқ арз мекунанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Гулов Малах иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ва собиқадори меҳнат буда, дар сохтмони Неругоҳи барқи обии Норак солҳои зиёд меҳнат намудааст.
“Мардуми шаҳри Норак фаъолияти Гулов Малахро, ки даҳсолаҳо ибрати наслҳо буда, ба наврасону ҷавонон дарси одаму одамият ва заҳматкашиву ватандӯстӣ омӯхтааст, фаромӯш нахоҳанд кард”, - таъкид доштааст мақомоти шаҳри Норак.
Бояд гуфт, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои шадид иштирок намуда, 92 ҳазор нафари онҳо барои дифои Ватан дар майдони ҷанг далерона ҷон супурданд. 58 ҳазор нафар барои шуҷоату далерӣ бо нишону орденҳои давлатӣ ва 54 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро сазовор гардидаанд.