ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Маҷалаи Forbes ҳисоб кардааст, ки дороии истеҳсолкунандаи мошинҳои электрикии Tesla дар охири ҳафтаи гузашта 9,9 миллиард доллар афзудааст, иттилоъ додааст РИА Новости.
Тибқи иттилои нашрия, дороии Маск аз ҳисоби афзоиши арзиши саҳмияҳои Tesla тақрибан 9,9 миллиард афзуда, 165,9 миллиард долларро ташкил додааст. Маск то ҳол дар феҳристи миллиардерҳои Forbes Real-Time дар ҷои сеюм қарор дорад.
Арзиши саҳмияҳои Tesla дар охири ҳафтаи гузашта 7,8% боло рафт, дар ҳоле, ки рӯзи ҷумъаи гузашта арзиши коғазҳои қиматноки Tesla 1,17% поин рафт.
Нашрия чунин болоравии арзиши коғазҳои қиматноки ширкатро бо хушбинии умумии бозор рабт медиҳад, зеро Кохи Сафед ва як гурӯҳ сенаторҳои демократ ва ҷумҳурихоҳи ИМА ахиран дар бораи маблағгузории "бастаи инфрасохторӣ" дар ҳаҷми тақрибан 1,2 триллион доллар эълон карданд.
Ширкати амрикоии Tesla Motors соли 2003 ҳамчун таҳиягар ва истеҳсолкунандаи мошинҳои барқӣ ва технологияҳои марбут ба он таъсис ёфта буд.
Идораи марказии ин ширкат дар Пало Алто, иолоти Калифорнияи Амрико ҷойгир аст. Ғайр аз мошинҳои барқӣ, ширкат бо истифода аз технологияи худ аккумуляторҳо ва муҳаррикҳои барқӣ истеҳсол мекунад ва ба ширкатҳои дигари мошинсозӣ, алахусус Toyota ва Daimler мефурӯшад.