ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Ато Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон, аввалин амалиёти худро алайҳи Толибон дар хориҷ аз шаҳри Мазори Шариф роҳандозӣ кард, хабар дод ёвараш - Қорӣ Ҳурматуллоҳ ба Sputnik Тоҷикистон.
Қорӣ Ҳурматуллоҳ гуфт, субҳи имрӯз як амалиёти тасфиявӣ ба раҳбарии Ато Муҳаммади Нур бо ҳузури Муҳаммад Фарҳод Азимӣ, волии Балх ва нерӯҳои заминиву ҳавоии ҳукуматӣ, дастаҳои басиҷи миллӣ роҳандозӣ шуд, ки дар пайи он соҳоти васеъе аз вулусволии Шӯртеппаи вилоят аз вуҷуди Толибон пок гардид.
“Манотиқи Солангтеппа, Фақиробод ва Чӯббош аз соҳоти тасфияшуда дар ин амалиёт аст. Ҳарчанд Толибон бо минагузории соҳот, талош кардаанд монеъи пешравии амалиёт шаванд, аммо тими татҳир (техникӣ) ба шиддат масруфи поксозии соҳоти мазкур аст”, - гуфт Қорӣ Ҳурматуллоҳ.
Вулусволии Шӯртеппа дар қисмати шимолии вилояти Балх воқеъ буда, бо Ӯзбекистон ҳаммарз аст. Як моҳ ба ин сӯ қисмате аз ин вулусволӣ дар ихтиёри Толибон* гузашта, нерӯҳои ҳукуматӣ бо онҳо даргири ҷанганд.
Ато Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон бо писараш ва низомиён
© Дафтари матуботи Ато Муҳаммади Нур
Ёвари Ато Муҳаммади Нур мегӯяд, Толибон* бидуни мувқовимати ҷиддӣ соҳаҳоро тарк мекунанд, аммо мушкил дар пешравиҳои нерӯҳои ҳукуматӣ ин аст, ки онҳо ҷодаҳоро минагузорӣ карда, пулҳоро таркондаанд ва нерӯҳо ба сахтӣ пеш мераванд.
“Чанде аз тонку афроди мо ба мина бархӯрданд. Захмӣ ҳам дорем. Ҳоло як теъдод булдозеру дигар техникаи роҳсозиро ба минтақа овардем, то роҳу пулҳоро ҷӯр карда, ба сӯи маркази Шӯртеппа пеш равем”, - гуфт Қорӣ Ҳурматуллоҳ.
Ато Муҳаммади Нур, волии собиқи Балх ва яке аз чеҳраҳои маъруфи муҷоҳидини Афғонистон дар ҳоле вориди майдони ҷангҳои Шимоли Афғонистон мешавад, ки даҳҳо вулусволии дар вилоёти шимолӣ, аз ҷумла шаш вулусволии вилояти Балх аз сӯи Толибон забт шудааст.
Амалиёти Ато Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон бо писараш ва низомиён алайҳи тундгароён дар Балх
© Дафтари матуботи Ато Муҳаммади Нур
Ӯ чанд рӯзи қабл аз шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи араб, ки он ҷо барои табобат рафта буд, дар пайи вахим шудани авзоъ, бахусус, вақте Толибон дар пушти дарвозаи ғарбии шаҳри Мазори Шариф пайдо шуданд, тадовиашро қатъ карда баргашт. Вилояти Балх пойгоҳи асосии Ато Муҳаммади Нур ва худаш пурнуфузтарин чеҳраи ин вилоят ва вилоёти атрофи он ба ҳисоб меравад.
*созмони тундгарои мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия