ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Замир Ракиев бо касби бештарини оро аз миёни 9 номзад ба унвони раҳбари маънавии мусулмонони Қирғизистон интихоб шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Ракиев дар 15 феврали 1978 дар деҳаи Шамшии ноҳияи Кочкори вилояти Норин мутаваллид шуд.
Вай аз соли 2017 то 2020 муовини муфтии Қирғизистон буд ва аз соли 2020 низ дар мақоми қозии Бишкек фаъолият мекунад.
Вай дар давраҳои омӯзишӣ дар муассисаи исломии Миср ва Донишгоҳи исломӣ дар Қоҳира таҳсил кардааст.
Ракиев ҳамчунин дар риштаи Ховаршиносӣ ва ҳуқуқ хатмкардаи Донишкадаи давлатии Бухоро аст.
Максатбек Токтомушев, муфтии собиқи Қирғизистон ва раиси собиқи идораи рӯҳоният ба иттиҳоми молӣ боздошт шуд.