Саида Мирзиёева дар Маскав рисолаи номзадӣ ҳимоя кард

Дар ин бора Комил Алламҷонов, раиси Шӯрои Бунёди ҷамъиятии дастгирӣ ва рушди васоити ахбори оммаи миллӣ хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Духтари президенти Ӯзбекистон Саида Мирзиёева рӯзи ҷумъа дар Донишгоҳи давлатии Маскави ба номи Ломоносов рисолаи номзадӣ дифоъ кард.
Дар ин бора, раиси Шӯрои парасторони Бунёди ҷамъиятии дастгирӣ ва рушди васоити ахбори оммаи миллӣ Комил Алламҷонов дар канали Telegram-и худ хабар додааст.

"Имрӯз Саида Шавкатовна рисолаи худро дар бахши иқтисод дар Донишгоҳи давлатии Маскави ба номи М.В. Ломоносов ҳимоя кард", - навиштааст ӯ.

Алламҷонов Саидаро аз номи кормандони Бунёд муборакбод гуфта ва ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ муваффақият орзу кард.
Тибқи иттилои Донишгоҳи давлатии Маскав, Саида Мирзиёева рисолаи худро дар мавзӯи "Такмили методологияи таҳия ва татбиқи стратегияҳои иҷтимоию иқтисодии минтақавӣ (дар асоси Ҷумҳурии Ӯзбекистон)" ҳимоя кардааст.
Мансаби духтари хурдии Шавкат Мирзиёев ошкор шуд
Дар баробари ин Саида муаллифи шаш мақола, як китоб, се суханронӣ дар конфронс ва тезисҳо мебошад.