Мутахассис гуфт, чаро яхмос дар гармӣ хатарнок аст

Иловаҳо ва консервантҳои нишони "E" ба маҳсулот зарар намерасонанд - онҳо барои зиёд кардани мӯҳлати нигоҳдории он заруранд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Тамара Прунтсева, мутахассиси диетологи Маркази федералии таҳқиқоти ғизо ва биотехнологияи Русия ба "Российская газета" гуфт, ки чӣ гуна яхмос дар гармо хатарнок аст.
Ба гуфтаи вай, тавсия дода мешавад, ки тақрибан ду маротиба дар як ҳафта на бештар аз 100 грамм яхмос бихӯред. Агар меъёр зиёд бошад, гулӯ, пайвандҳо метавонанд илтиҳоб гиранд ва зуҳуроти бемориҳои музмин имконпазир аст.
Тавре ки Прунтсева қайд кард, аз сабаби миқдори зиёди калориянокӣ яхмосро шахсони гирифтори диабети қанд, вазни зиёдатидошта ва бемории меъдаю рӯда будагон набояд истеъмол кунанд.
"Агар шахс вазни мӯътадил дошта бошад ва ба қадри кофӣ бо фаъолияти ҷисмонӣ машғул бошад, хӯрдани як финҷон яхмос ҳамчун наҳории дуввум интихоби хубест дар гармӣ. Аммо агар шумо шабона зиёд яхмос бихӯред, ин тамоман дигар аст . Ҳатто агар сухан дар бораи яхмосе, ки калорияаш паст аст. Вақт ва миқдор муҳиманд", - фаҳмонд диетолог.
Истеъмоли барзиёди тарбуз хатари ҷиддӣ дорад: ғизошинос гуфт ба кадом одамон
Ҳангоми интихоби яхмос, шумо бояд ба таркиби маҳсулот диққат диҳед. Ҳар қадар компонент камтар бошад, ҳамон қадар манфиат меорад. Мутахассис тавсия медиҳад, ки яхмосеро истеъмол кард, ки алахусус пурра аз мева ё буттамева иборат бошад.
Аммо, табиб таъкид кард, ки иловаҳо ва консервантҳои "E" ба яхмос зарар намерасонанд - онҳо барои зиёд кардани мӯҳлати нигоҳдории он заруранд.