Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Афзоиши теъдоди гирифторони COVID - 19 дар Тоҷикистон

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳуриро эълон карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар як шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 23 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба рӯзи гузашта бештар аст.
Дирӯз, Вазорати тандурустӣ аз беомр шудани 21 нафар хабар дода буд.
Ҳамин тавр, теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз ба 23 нафар расид.
Аз аввали ҳамагирии сирояти коронавирус то кунун дар кишвар 13415 нафар гирифтори ин вабои аср шудааст.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Карантин ва ваксинзании сартосарӣ: дастури Рустами Эмомалӣ барои пешгирӣ аз вируси корона
Вазорати тандурустӣ дар пойгоҳи расмӣ, ки дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус хабар дода мешавад, изҳор доштааст, ки пас аз авҷи дигарбораи беморӣ дар Тоҷикистон, ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст.
Муҳандисе, ки нерӯгоҳи Норакро сохт, аз коронавирус даргузашт
Ҳамчунин давоми 24 соат 9 нафар бемориро ба хубӣ паси сар карда, шифо ёфтааст. Теъдоди умумии шифоёфтагон аз аввали қайди COVID - 19 дар кишвар то кунун ба 13 252 кас баробар шуд.
Ёдовар мешавем, ки ситоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дигарбораи “вируси корона” дар Тоҷикистон хабар дод.
Ин ниҳод, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.