"Толибон" дар наздикии марзи Тоҷикистон: видео

Дар навор қатори мошинҳои зиреҳпӯш, силоҳ ва ҷангиён дида мешавад
Sputnik
Дар интернет наворе паҳн шудааст, ки дар он қатори мошинҳои зиреҳпӯш, ки аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи радикалии "Толибон"* (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) забт шудааст дида мешавад.
Наворбардор чандин мошинҳои зиреҳпӯш ва аслиҳаро нишон медиҳад.
Гуфтушуниди ҷангиён дар навор нест. Наворбардор такрор ба такрор "Алҳамдулиллоҳ" мегӯяд.
Пештар ба дасти Sputnik Тоҷикистон наворе расид, ки дар он ҷангиёни "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия), болои пӯли бузурге, ки Тоҷикистону Афғонистонро мепайвандад, қарор доранд.
Аммо, тавре роҳбари маркази омӯзиши сиёсати Афғонистон Андрей Серенко дар канали Телеграми худ менависад, ки ба корвони ба ҳамин хеле монанд, артиши ҳукуматӣ зарба зад. "Мотосиклҳои ҷангиён ҳамчун мукофот мераванд", - афзуд сиёсатшинос.
Ёдовар мешавем, ки 22 июн "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) гумруки гузаргоҳи Шерхон-Бандарро забт карданд.
Пас аз ҷанг, миёни "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ва низомиёни афғон, беш аз сад сарбози ҳукуматӣ ба қаламрави Тоҷикистон фирор карданд.
Дар наздикии он иншооти аз ҷиҳати стратегӣ муҳим - пули дуҷониба аз болои дарёи Панҷ мегузарад. Маҳз тариқи ҳамин пул молу коло аз Эрон ва Покистон ба Тоҷикистон мерасад.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия